LIVE

Роналду ва Месси ҳамдаста мешаванд

Жорже Мендеш, агенти футболбози  дастаи "Ювентус" - Криштиану Роналду, барои бозигари португалӣ дастаи нав мекобад, ки дар миёни онҳо "Барселона" низ ҳаст. Дар ин бора  sport.es хабар медиҳад. 
Тавре тариқи радиои BBC садо додааст,  Мендеш ба як зумра дастаҳои футбол ҳунари Роналдуро пешниҳод кардааст, то онҳо бо ҳамлагари 35 сола шартнома банданд. Жорже Мендеш бо намояндаҳои "Барселона" суҳбате анҷом дода, назари онҳоро дар мавриди эътимоли ҷалби Роналду ба дастаи каталонӣ пурсон шудааст. 
Роналду дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки дастаашро то мавсими нав иваз кунад. Мендеш бо дастаҳои  "Барселона", "Пари Сен-Жермен" ва як зумра клубҳои аврупоӣ мулоқот анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив