LIVE

Коронавирус нақшаи Роналдуро барбод дод

Маҷаллаи маъруфи “France Football” навиштааст, ки ҳамлагар - Криштиану Роналду нияти “Ювентус”-ро ба “Пари Сен-Жермен” иваз карданро дошт. Аммо аз сабаби хуруҷи коронавирус ин мақсад амалӣ нашуд.  Роҳбарияти дастаи  ПСЖ мехостанд, ки дар хати ҳуҷуми худ сегонаи нав - Роналду, Мбаппе ва Неймарро созмон диҳанд, аммо вазъи ба амал омада, боис бар он шуд, ки футболбози португалӣ дар дастаи  “Ювентус” боқӣ монд. Дар навбати худ “Пари Сен-Жермен” низ бар ивази Роналду бо Икарди, ки дар даста бозигари иҷоравӣ буд,  қарордод ба имзо расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив