LIVE

Роналду аз "Ювентус" меравад

Ҳамлавари соҳибном - Криштиану Роналду азми рафтан аз бошгоҳи  «Ювентус»-ро дорад. Ба ҳунари футболкори португалӣ тимҳои «Пари Сен-Жермен» ва «Манчестер Юнайтед» таваҷҷуҳ доранд. Ҳарду бошгоҳ аллакай ба футболбоз пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд. Дар ин бора Diario Gol хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки агар «Манчестер Юнайтед» ба мусобиқоти Лигаи Чемпионҳо роҳ наёбад, гузариши Роналду ғайриимкон аст. 
Криштиану ба «Ювентус» аз «Реал» тобистони соли 2018 бо маблағи 117 млн евро гузариш намуда буд. Қарордоди Роналдуи 35 сола то 30-юми июни соли 2022 эътибор дорад.
Арзиши ӯ дар равзанаи трансферӣ 75 млн евро гуфта мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив