LIVE

Месси: “Реал” дар набудани Роналду голҳои зиёдро аз даст дод

Ҳамлагари бошгоҳи "Барселона" - Лионел Месси андешаи худро дар бораи рафтани ҳамлагар - Криштиану Роналду аз "Реал" чунин баён намуд. "Бо рафтани Роналду, “Реал Мадрид” шумораи зиёди голҳоро аз даст дод. Маълум буд, ки ин тавр хоҳад шуд. Ҳамзамон Криштиану метавонист, боз ҷойзаҳои зиёдро ба даста таъмин созад. Ман аллакай гуфта будам, ки ҳадафҳои ӯ дар Мадрид ҳамчун чизи оддӣ қабул карда мешаванд. “Реал Мадрид” бозигарони хуб дорад, аммо Роналду дар як мавсим 50 гол мезад”, иқтибос меорад аз суханҳои Месси Mundo Deportivo. Ёдовар мешавем, ки Роналду тобистони соли 2018 аз “Реал Мадрид” ба “Ювентус” гузариш анҷом дод. Маблағи гузариши ӯ 117 миллион евро гуфта мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив