LIVE

Роналду ба «Реал» бармегардад

Замоне, ки Криштиану Роналду аз «Реал» тобистони соли 2018 рафт, барои ҳамагон ин амали футболбози португалӣ муаммо буд, зеро ӯ дар бошгоҳи шоҳона моҳие дар баҳри беканорро мемонду ҳамагон дӯсташ медоштанд ва ӯ бо голҳои худ ба муҳаббати мухлисонаш посух мегардонд. Шояд ба Криштиану як имтиҳони дигар лозим буд, ки онро дар «Ювентусе супорид. Дар Италия кори Роналду ба монанди “Реал” равону хуб несту барояш голзанӣ кам муясар мешавад.  Паст шудани нишондодҳо бисёриҳоро ба шубҳа овард, зеро мегуфтанд, ки сини футболбоз ба ҷое расидаасту ҳамакнун аз ин ба баъд ингуна мешавад.  Овозаҳо дар мавриди он, ки гуё Флорентино Перес дубора бо  Роналду ошти кард ва ҳамлагари дастон ба Мадрид бармегардад, зиёд шудааст.  Ҳарчанд Зинедин Зидан  талош дорад то «Реал»-ро аз чеҳраҳои куҳна тоза кунад, аммо ин бархурди мақсадҳо нест, зеро бо вуҷуди ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба мисоли Винисиусу Жуниору, Валверде, Родриго ва ғайраҳо натиҷа дилхоҳ нест. Бозгашти Криштиану Роналду рӯҳияи дастаро дигарбора бедор хоҳад кард, зеро тим аз чунин як пешво ба мисли футболбози португалӣ танқисӣ мекашад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив