LIVE

Коронавирус «Юве»-ро аз Роналду ҷудо мекунад

Талафоти бузурги иқтисодӣ ба дастаи «Ювентус» имкон намедиҳад, ки ба мисли пешин маоши бозингарони асосиаш, бахусус Криштиану Роналдуро пардохт намояд. Коронавирус боис ба фалаҷ шудани системаи молиявии дастаи туринӣ гаштааст. Роҳбарияти клуб ба хулосае омаданд, ки Роналдуро дар трансфер гузоранд. 
Дар ин бора Il Messaggero хабар додааст. 
Дар сурати хоҳиши боқӣ мондан дар даста ба ҳамлагари португалии «Ювентус» имкони пардохти маошашро, ки 31 млн € дар як сол мебошад, надорад. 
Ягона роҳи халосӣ ёфтан аз муфлисшавӣ ин фурӯши футболбози 35 сола ба дастаи дигар бошад, ки арзиши ӯ дар бозори гузаришҳо 70 млн € гуфта мешавад. 
Дар мавсими ҷорӣ Криштиану дар 32 бозӣ бо пироҳанҳои «Ювентус» ба задани 25 гол даст ёфтааст.

Next Post

Комментарии 1

Санҷар
Санҷар от 31 марта 2020 21:08
Қад кард маънояш чист?9

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив