LIVE

Номаи расмии Роналду ба роҳбарияти "Ювентус”

Ҳамлавари тими мунтахаби Португалия ва бошгоҳи "Ювентус”-и Италия - Криштиану Роналду ба роҳбарияти бошгоҳ хабар дод, ки пас аз ба коронавирус мубтало шудани ҳамдастааш Даниел Ругани ӯ дар карантин қарор дорад ва феълан ба бошгоҳ барнамегардад. Дар ин бора beIN Sports хабар медиҳад.
Тибқи иттилои сарчашма, Роналду ҳоло дар Португалия шаҳри Мадейра қарор дорад ва гуфтааст, ки то 14 рӯз дар он ҷо хоҳад монд. Ӯ ба дидорбинии модараш рафтааст, ки чанде пеш сактаи қалбиро аз сар гузаронида буд, ба зодгоҳаш рафтааст.
Сомонаи расмии бошгоҳи "Ювентус"-и шаҳри Турин чанд рӯз пеш аз гирифтории дифоъгари бошгоҳ - Даниел Ругант ба коронавирус хабар дод ва гуфт, аҳволи ҳамаи нафароне, ки бо ӯ дар даста буданд, санҷида мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив