LIVE

Роналду дар "МЮ" рақами ҳафтро гирифта наметавонад, агар.....

Хабарнигор Дейл Ҷонсон дар “Твиттер”-аш навиштааст, ки ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду пас аз бозгашт ба клуб шояд рақами 7 -ро дар “Манчестер Юнайтед” нагирад.

Ҳамлагари уругваӣ Эдинсон Кавани дар ҳоли ҳозир соҳиби рақами ҳафтум аст ва тибқи қоидаҳои лига, рақами бозигар дар тамоми мавсим нигоҳ дошта мешавад. Ба иттилои манбаъ, барои он ки  Роналду рақами ҳафтумро дар "Манчестер Юнайтед" гирад,  Кавани бояд бошгоҳро тарк кунад. Инчунин як вариант вуҷуд дорад, ки роҳбарияти Премйер Лигаи Англия барои тағйир додани рақам дар мавсим иҷозати махсус диҳад, аммо ин гуна истисноҳо қаблан рух надода буданд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив