LIVE

Роналду пас аз хет-трики навбатиаш мукофоти калон мегирад

Ҳамлагари тими “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду пас аз иҷрои хет-трик дар бозии даври 33-юми Премйер-Лигаи Англия бар тими “Норвич Сити” бо ҳисоби 3:2 ба маблағи 1 миллион евро мукофотпулӣ хоҳад гирифт, хабар медиҳад The Sun.
Тибқи иттилои як манбаъ, дар шартномаи Роналду ва “МЮ” банде мавҷуд будааст, ки он имкон медиҳад, ки дар сурати задани беш аз 20 гол мукофотпӯлии иловагӣ мегирад. Дар шартномаи Роналду 905 000 евро бонус барои расидан ба 20 гол ва 120 000 евро барои хет-трик пешбинӣ шудааст. 
Ҳоло Роналду барои ҳар як голи иловагиаш то анҷоми мавсими ҷорӣ 120 000 евро мегирад.
Ёдовар мешавем, ки «Манчестер Юнайтед» бар «Норвич» пирӯз шуда, дар 32 вохӯрӣ 54 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали Премйер-Лигаи Англия панҷум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив