LIVE

Баъзе далелҳои муҳим дар бораи бозии Роналду

Дирӯз Роналду бо хет-трик "Тоттенхэм"-ро мағлуб кард. Баъзе далелҳои муҳим дар бораи корномаи афсонавии Криш. Се голи португалӣ дар чунин бозии муҳим худ як дастоварди олӣ аст. Аммо онҳо инчунин арзиши иловагӣ доранд. Ин танҳо дувумин хет-трики Криштиану Роналду дар Премйер Лигаи Англия. Аввалин маротиба ӯ хет-трики худро 14 сол пеш, дар моҳи январи соли 2008 ба қайд гирифта буд. Он вақт ҷабрдида “Нюкасл” буд. Роналду зимни ба қайдгирии хет-трики навбатиаш 37 солу 35 рӯз доштааст. Ҳоло ӯ дар таърихи Премйер-Лига дуюмин калонсолтарин нишонзане гардид, ки се гол дар як бозӣ задааст. Рекорд ба Тедди Шерингем тааллуқ дорад, вай ин корро дар 37 солу 146 рӯз доштанаш кардааст.  Умуман, ин 59-умин хет-трик дар карераи Криштиану Роналду мебошад. Барои муқоиса, Месси ҳамагӣ 55 адад дорад.
Корномаи дарозумрии футболи Роналду афсонавӣ аст.  Ситораи португалӣ 16 мавсим пайиҳам дар чемпионат беш аз 10+ гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив