LIVE

Роналду шумораи хет-трикҳои худро ба 59 адад расонид

Ҳамлагари дастаи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду 59-умин хет-трики касбиашро ба даст овард.
Ситораи португалӣ дар бозии даври 29-уми чемпионати Англия ба дарвозаи «Тоттенҳэм» се гол зад. Бозӣ бо пирӯзии «Манчестер Юнайтед» бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт. Аз 59 хет-трики анҷом додааш, 49-адад дар сатҳи клуб ва 10-тоаш барои тими миллӣ мебошад. Дастоварди Роналду беҳтарин натиҷа дар байни бозигарони феълӣ аст. Наздиктарин таъқибкунанда - Лионел Месси ба ҳисоби худ 4 маротиба камтар хет-трик дорад. Ҳамлагари ПСЖ 55 маротиба хет-трик намудааст. "Манчестер Юнайтед" пас аз мағлубияти "Тоттенхэм" бо 50 имтиёз аз 29 бозӣ дар ҷадвали Премйер Лигаи Англия дар ҷои чаҳорум қарор дорад. Дар маҷмӯъ, дар ин мавсим португалӣ тавонист дар ҳама мусобиқаҳо 18 маротиба гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив