LIVE

Оморҳои ҷолиби Роналду дар Лигаи Чемпионҳо

Криштиану Роналду бори дигар дар Лигаи Чемпионҳо қаҳрамонӣ нишон дод - дубли ҳамлагари португалӣ «Манчестер Юнайтед»-ро дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳӣ бо «Аталанта» аз бохт наҷот дод. 
Юнайтед ду маротиба дар ҳисоб қафо монда буд, аммо Криш ҳар ду дафъа дастаро ба бозӣ баргардонид. 
Криш барои аввалин бор аз моҳи майи соли 2009 дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» дар Лигаи Чемпионҳо ду гол зад. Нишондодҳои хуби ҳамлагар ва далелҳои ҷолибро дар бораи ин чеҳраи намоёни футболи ҷаҳонӣ наздик ба ду даҳсолаи охир пешниҳод месозем.
 Португалиии беҳамто пас аз бозгашт ба “Манчестер Юнайтед” дар чаҳор бозии гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо  пайёпай гол задааст. Вай аввалин бозигари “Девҳои сурх” аст, ки  аз соли 2003 инҷониб  ба ин дастовард ноил мешавад. 
  Голҳои Криштиану Роналду ба дастааш 7 имтиёз овардаст, ки ин бузургтарин саҳм дар байни бозигарони ҳамаи дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо мебошад.
 Дар маҷмӯъ, дар мавсими 2021/22  ҳамлагари португалӣ дар 15 бозӣ дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” ва тими миллии Португалия 15 гол задааст.
Криш куҳансолтарин бозигари “Манчестер Юнайтед” аст, ки дар мусобиқоти аврупоӣ ду ё зиёда гол задааст.
Ин форвард инчунин дар феҳристи куҳансолтарин бозигарон дар Лигаи Чемпионҳо ҷои дуюмро ишғол кард. Роналду дар Бергамо дар синни 36 солу 270 рӯзагиаш ду гол задааст ва дар ин нишондод пас аз Филиппо Инзаги дуюм аст:  3-юми ноябри соли 2010 ҳамлагари “Милан” дар синни 37 солу 86 рӯзагии худ ба дарвозаи “Реал Мадрид” ду гол зада буд. 
Роналду дар феҳрасти беҳтарин нишонзанҳо дар таърихи “Манчестер Юнайтед” аз Оле-Гуннар Сулшер низ пеш гузашт: ҳоло дар ҳисоби худ 127 гол дорад. Мураббии ҳозираи “Манчестер Юнайтед” як гол камтар дорад. Қобили зикр аст, ки Криш барои расидан ба ин нишондод камтар бозӣ сарф кард: 303 дар муқобили 366 барои норвегӣ.
Гуфтан лозим нест, ки Криш рекорди шахсии худро дар таърихи Лигаи Чемпионҳо беҳтар кардааст. Холо вай дар ин мусобика 139 гол дорад. Наздиктарин бозигар Лионел Месси бо 123 гол мебошад. Месси дар бозии даври чаҳорум наметавонад дастаашро кӯмак намояд ва имкони наздик шудан ба Роналдуро низ аз даст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив