LIVE

Аввалин дастоварди Роналду дар "МЮ" пас аз бозгашт

Ҳамлавари дастаи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду беҳтарин футболбози моҳ дар Премйер Лигаи Англия эълон шуд. Португалӣ дар моҳи сентябр се бозӣ доир карда, ба задани се тӯб даст ёфта буд.
Ба ғайр аз Криш, инчунин ба ин ҷоиза Жоау Канселу («Манчестер Сити»), Антонио Рюдигер («Челси»), Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»), Аллан Сен-Максимен («Нюкасл») ва Исмоил Сарра («Уотфорд») муддаии асосӣ ба шумор мерафтанд.
Ин панҷумин ҷоизаи беҳтарин бозигари Премйер Лигаи Роналду ва аввалинаш баъди бозгашташ ба “Манчестер Юнайтед” мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив