Ҳамлагари португалии "Манчестер Юнайтед" - Криштиану Роналду ба мухлисони даста муроҷиатнома нашр кард.
"Якҷоя мо қавитарем! Ташаккур ба ҳамаи шумо барои дастгирӣ”, — навиштааст Роналду.
Together we’re stronger! Thank you all for your support!
Криштиану дар бозии даври 5 -уми Премйер Лигаи Англия бо “Вест Хэм” (2:1) гол зад. Пас аз бозгашт ба “Манчестер Юнайтед” ҳамлагари португалӣ дар ҳар бозӣ гол мезанад. Дар бозии даври 4-уми ба дарвозаи "Нюкасл" (4:1) дубл кард. Дар бозии даври 1-уми Лигаи Чемпионҳои УЕФА Роналду ба дарвозаи Янг - Бойз голзанӣ кард.Together we’re stronger! Thank you all for your support!
Баъд аз бозиҳои натиҷабахшаш ӯро мухлисони даста бисёр ҷонибдорӣ намуда, суханҳои зиёд дар борааш навиштаанд, ки Роналду низ барои чунин дастгириҳо минатдории худро баён намуд.