LIVE

Фернандеш боз беҳтарин бозигари ПЛА шуд

Ниммуҳофизатгари «Манчестер Юнайтед» - Бруно Фернандеш боз беҳтарин футболбози Премйер-лигаи Англия эътироф гардид.
Зимни овоздиҳӣ барои моҳи июн футболбози 25 солаи португалӣ аз муҳофизатгари «Вулверхэмптон» -Конора Коди ва ҳамдастаи ӯ Раул Хименес, ҳамлагари «Саутгемптон» Дэнни Ингса, бозигари «Нюкасл Юнайтед» Аллана Сент-Максимен, ва ҳамдастаи худ  Антони Марсял овози бештар гирифт.
Бруно Фернандеш моҳи январи соли ҷорӣ аз дастаи «Спортинг» бо арзиши наздик ба 60 млн ба дастаи «МЮ» гузариш намуд. Аз замони омоданаш ба Олд Траффорд девҳои сурх натиҷаи хуб нишон медиҳанд.  
Фернандеш 7-умин бозигар гардид, ки дар моҳҳои нахустини ҳунарнамоӣ ду маротиба пайдарҳам унвони беҳтарин футболбози чемпионатро ба даст овардааст.  Қаблан Муҳаммад Салоҳ, Ҷейми Варди, Гарри Кейн, Криштиану Роналду, Деннис Бергкамп ва Робби Фаулер ин унвонро ду борӣ пайёпай соҳиб шуда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив