LIVE

Трансфери Роналду беҳтарин дар ПРА

       Гузариши Криштиану Роналду   аз дастаи “Спортинг”-и Лиссабон ба “Манчестер Юнайтед”-и Англия дар  соли 2003   беҳтарин трансфер дар таърихи Премйер Лигаи Англия дониста шуд.

Ин трансфери футболбози португалӣ  дар барномаи махсуси солинавӣ дар Sky Sports  унвони мазкурро гирифт.  Роналду  дар рӯйхати 20-гонаи  бузургтарин   қарордодҳои Премйер Лигаи Англия ҷойи якумро  касб кард.  Мақоми дуюмро   ҳамлагари “Арсенал” Терри Анри   ишғол намуд.  Трансфери Эрик  Кантон аз дастаи  “Лидс Юнайтед” ба “Манчестер Юнайтед” зинаи сеюмро  соҳиб шуд.

      Ёдовар мешавем, ки  “Манчестер Юнайтед”  12 августи соли 2003   бо Роналду шартнома баста буд. Арзиши гузариш 19 млн евроро ташкил медод.  Дар 6 мавсим   Криштиану Роналду 8 ҷоизаи бузург, аз қабили  ғолиби ПРА ва Лигаи чемпионҳоро ба даст овардааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив