LIVE

Набарди Роналду ва Месси дар Лигаи Чемпионҳо

"Ювентус" ва "Барселона" дар гурӯҳи G -и Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА рақиби ҳамдигар шуданд. Ин маънои онро дорад, ки Криштиану Роналду ва Лионел Месси дубора вомехӯранд. 
Ду бузургтарин ҳамлагари даврони худ 35 маротиба дар сатҳи клуб ва мунтахабҳои кишварҳои хеш рақобат кардаанд.  Омори ҳарду чунин аст (16 бар 10) ва голҳо (22 бар 19) ба фоидаи ситораи аргентинӣ мебошад. Аз замони “Барса” дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо дар мавсими солҳои 2010/11 “Реал Мадрид”-ро мағлуб кард, дигар дар мусобиқаҳои УЕФА рӯ ба рӯи ҳамдигар қарор нагирифтаанд.  
Се вохӯрии аввалини ин ду бозигари дастон дар Лигаи қаҳрамонҳо баргузор шудаст. Қисаи набарди онҳо аз нимфинали мавсими солҳои 2007/08 оғоз ёфт. Аллакай дар дақиқаи сеюми бозии аввал дар Камп Ноу Роналду пеналтиро иҷро карда натавонист, аммо бритониёиҳо бо шарофати голи ягонаи Пол Скоулз ба финал баромаданду дар шаҳри Маскав тавассути пеналтӣ бар “Челси” зафар ёфтанд.
Месси дар вайрон кардани таъби Роналду дар охирин бозияш бо пироҳани “Манчестер Юнайтед” нақши калон гузошт.  Пеш аз гузаштан ба “Реал Мадрид” тобистони соли 2009 дар финал Месси голзанӣ намуду дастаи англисӣ шикаст хурд. 
Оморҳо:
Дар мусобиқаҳои аврупоӣ оморҳои инфиродӣ бар нафъи  Месси аст: 2 ғалаба 2 мусовӣ ва 1 нокомӣ.
Роналду дар мусобиқаҳои аврупоӣ бар муқобили Месси ягон гол назадааст. 
Дар Лигаи чемпионҳо Месси дарвозаи дастаҳои Роналду 3 гол задааст. 
Роналду аз лиҳози голҳо дар Лигаи чемпионҳо аз Месси пешсаф аст. Роналду-130 Месси 115.
Месси дар 5 бозӣ бар муқобили "Ювентус" дар Лигаи Чемпионҳо ду гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив