LIVE

Рекорди навбатии Криштиану Роналду дар Лигаи Чемпионҳо

Ситораи  «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду дар даври навбатии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо боз голзанӣ намуд.  Ин футболбоз дар доираи мусобиқаи Лигаи Чемпионҳо ба дарвозаи 38-умин тими футболи мухталиф голзанӣ кардааст.  
Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо "Манчестер Юнайтед" бар "Аталанта" ғалаба кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Олд Траффорд" баргузор шуд ва бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Голи пирӯзиоварро Роналду ба самар расонид. 
Дар даври навбатӣ “Манчестер Юнайтед” боз бо “Аталанта” бозӣ мекунад. Ин бозӣ 2 ноябр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив