LIVE

Роналду аз дастоварди Сулшер дар "МЮ" пеш гузашт

Ҳамлагари португалии дастаи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду, ки дар бозӣ бо «Бёрнли» як гол зада,  як партофти головар анҷом дод ва  аз рӯи шумораи голҳо дар чемпионати Англия аз Оле Гуннар Сулшери норвегӣ пеш гузашт.
Барои Роналду гол ба дарвозаи «Бёрнли» аллакай дар Премйер-Лигаи Англия 92-юм буд. Собиқ ҳамлагари норвегӣ Оле Гуннар Сулшер як гол камтар дорад.

Ёдовар мешавем, ки бозгашти Криштиану Роналду ба «Манчестер Юнайтед» моҳи августи соли ҷорӣ, замоне сурат гирифт, ки Сулшер сармураббии даста буд. Моҳи ноябр пас аз як силсила натиҷаҳои номуваффақ мутахассиси норвегӣ барканор шуд. Майкл Кэррик иҷрокунандаи вазифаи мураббии «Манчестер Юнайтед» шуд, ки баъдан ба ҷои ӯ Ралф Рангники олмонӣ шуд, ки қаблан ба ҳайси роҳбари варзиш ва рушди «Локомотив»-и Маскав кор мекард.

Дар мавсими ҷорӣ португалӣ дар ҳайати "Манчестер Юнайтед" дар чемпионати Англия 15 бозӣ анҷом дода, дар он 8 гол задааст. 

Бозии навбатии «Манчестер Юнайтед» 3 январ дар назар аст. Дар ин рӯз даста  «Вулверхэмптон»-ро кабул мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив