LIVE

Роналду рекорди Сулшерро шикаст

Ҳамлагари дастаи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду дар даври 20-уми чемпионати Англия ба дарвозаи «Бёрнли» гол зад.  Ин гол барои футболбози  португалии 36-сола 92-юмин дар Лигаи бартари Англия ба ҳисоб меравад.
  Аз рӯи ин нишондод футболбоз аз собиқ ҳамдаста ва мураббӣ Оле-Гуннар Сулшер (91) пеш гузашт.  Роналду, ки аз соли 2003 то 2009 дар "Манчестер Юнайтед" бозӣ мекард, тобистони соли 2021 ба даста баргашт. Дар 20 бозӣ дар ин даста ҳамлагари португалӣ 13 гол ва 2 партофт  кардааст.  Шартномаи Роналду то соли 2023 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив