LIVE

Сабаби нарафтани Роналду ба “Манчестер Сити” маълум шуд

Ҳамлагар Криштиану Роналду пас аз гуфтугӯ бо сармураббии испанӣ Хосеп Гвардиола тасмим гирифт, ки аз “Ювентус” ба “Манчестер Сити” нагузарад, хабар медиҳад La Repubblica.
Ба иттилои манбаъ, мутахассиси каталонӣ ҳангоми сӯҳбат бо Роналду аз омодани ӯ хушҳол набудааст  ва инчунин қайд кард, ки ӯ наметавонад кафолат диҳад, ки барои португалии 36-сола дар ҳайати асосии "Манчестер Сити" ҷой пайдо мекунад. Пас аз он, Роналду тасмим гирифт, ки аз ҳайати "шаҳриҳо" даст кашад ва ба “Манчестер Юнайтед” баргардад.
"Манчестер Юнайтед" рӯзи 27-уми август бозгашти ҳамлагари португалиро ба ин клуб расман эълон кард. Роналду аз соли 2003 то 2009 дар дастаи “Манчестер Юнайтед” бозӣ карда, баъд аз он ба “Реал” гузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив