LIVE

Роналду дар барканории Сулшер айб дорад?

Овозаҳо дар бораи он ки  ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду дар рафтани Оле Гуннар Сулшер гунаҳгор аст, рост нестанд.
Ба гуфтаи рӯзноманигори машҳур Фабритсио Романо, португалӣ  барои барканории Оле Гуннар Сулшер чизе нагуфтааст ва дар интихоби мураббии нав ҳам иштирок намекунад.

Инчунин, Фабритсио овозаҳои рафтани ҳамлагари 36-соларо аз "МЮ" ба дигар даста рад кард.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки Роналду мехоҳад ба вазифаи сармураббии «Манчестер Юнайтед» Зинедин Зидан ё Луис Энрике таъйин шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив