LIVE

Саттон:"Роналду барои МЮ проблемаи бузург аст"

Собиқ ҳамлагари бошгоҳи "Челси" Крис Саттон назари худро дар бораи мушкилиҳои "Манчестер Юнайтед" иброз намуд. 

- Шумо "Манчестер Юнайтед" -ро аз пойгаи қаҳрамонӣ хориҷ кардед. Чаро Кристофер?

- Ман фикр мекунам, ки ҳайати "Манчестер Сити", "Челси" ва "Ливерпул" қавитаранд. Гарчанде медонам, ки Оле Гуннар Сулшер трансферҳои хуб  анҷом додааст, аммо ман фикр мекунам, ки онҳо мураббиёни қавитар доранд. Ба андешаам  Роналду  барои "Манчестер Юнайтед" мушкилӣ пеш меорад.
Вай як шахси хеле машҳур аст. Бовар дорам, ки ӯ метавонад барои Уле-Гуннар Сулшер проблема гардад. Роналду гол мезанад, аммо агар "Манчестер Юнайтед" мехоҳад дар хона ба ҳарифон фишор биёрад, пас Роналду фишор намедиҳад. Ин маънои онро дорад, ки гӯё "Манчестер Юнайтед" аз рӯйи  шуморақафо мемонад.

Агар шумо давида, фишор надиҳед, шумо дар "Манчестер Сити",  "Челси" ва "Ливерпул"  бозӣ намекунед. Проблема дар ҳамин аст- чӣ гуна ӯро ба бозӣ ҳамроҳ мекунӣ? Криштиану мувофиқи рӯҳияи худ бозӣ хоҳад кард. Агар Роналду ғамгин бошад, ин ба фазои утоқи либосивазкунӣ чӣ гуна таъсир мерасонад? Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки вай барои "Ман. Юнайтед" як мушкилии бузург хоҳад буд, гуфт Саттон.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив