LIVE

Клопп: "Аз омадани Роналду ба "МЮ" хурсанд нестам"

Сармураббии "Ливерпул" Юрген Клопп дар бораи гузариши ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду ба "Манчестер Юнайтед" шарҳ дод.

"Аз омадани Роналду ба “МЮ” хурсандед? Намедонам чӣ гуфтанамро. Оё ӯ бозигари хуб аст? Мутаассифона ҳа. Ман аз ин гузариш ҳайрон шудам, аммо на аз он ки ӯ ба “Манчестер Юнайтед” баргашт. Бештар аз ҳама, ҳангоме ки овозаҳо дар бораи аз Ювентус рафтани ӯ пайдо шуданд, ҳайрон шудам. Ман ҳеҷ тасаввуроте надоштам, ки ин тавр мешавад, бинобар ин ҳайрон шудам.

Вақте ки дар бораи гузариши эҳтимолии ӯ ба “Сити” овозаҳо паҳн мешуданд, ман фикр кардам, ки ин барои “Манчестер Юнайтед” аҷоиб хоҳад буд. Сипас, албатта, Юнайтед қадамҳоро гузошт ва бо ӯ қарордод баст. Ин ҷаҳони озод аст. Онҳо ҳар кореро, ки мехоҳанд, карда метавонанд" - иқтибос меорад Sky Sports аз суханҳои Клопп.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив