LIVE

Барои чӣ "МЮ" Роналдуро баргардонд?

"Манчестер Юнайтед" барои он Роналдуро баргардонд, то  "Манчестер Сити" ӯро нагирад. 

Аз тамосҳои Роналду бо "Манчестер Сити" огоҳ шуда, роҳбарияти "Манчестер Юнайтед" тасмим гирифтанд, ки  барои ин бозигар мубориза баранд. Дар аввал "девҳои сурх" нақшаи бастани Криштиануро надоштанд, зеро онҳо барои тамдиди шартномаи Эдинсон Кавани ва хариди Ҷейдон Санчо маблағи зиёд сарф кардаанд. Бо вуҷуди ин, роҳбарони "манкунианҳо" фикр карданд, ки гузариши Роналду ба "Сити" на танҳо рақибро мустаҳкам менамояд,  балки зарбаи ҷиддие ба  обрӯи "Манчестер Юнайтед" хоҳад буд. Аз ин рӯ, идеяи баргардонидани португалӣ ба "Олд Траффорд" пайдо шуд.

Мегӯянд, Роналду  вақте  хоҳиши "Манчестер Юнайтед"-ро шунид,  пешниҳодҳои "Манчестер Сити"-ро рад кард.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив