LIVE

Беҳтарин футболбоз аз нигоҳи Роналду

Рӯзноманигори маъруфи англис Пирс Морган дар бораи сӯҳбати худ бо ҳамлагари дастаи “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду гуфт.

“Ман аз Роналду пурсидам: Беҳтарин футболбозе, ки ту муқобилаш бозӣ кардӣ кист? Соати яки шаб буд. Мо дар як тарабхонаи дӯстдоштаи Роналду дар Турин будем.

Бисёр вақт гузашт аз саволи додаи ман. “Месси” - гуфт бо итминон. Дуруст? – пурсидам ман. Ман ҳайрон шудам, ки ӯ яке аз рақибони азалиашро ном гирифт. Роналду боз дубора гуфт: “Вай беҳтарин футболбозе аст, ки ман муқобилаш бозӣ кардаам. Аммо Пирс ту ба ман саволи иштибоҳ медиҳӣ!” Ман пурсидам: Хуб, дурусташ чӣ гуна аст? Криштиану гуфт: “Ту бояд мепурсидӣ, ки футболбози беҳтарин кист?” Ман гуфтам, ки ба фикрам ҷавобашро медонам. Роналду сарашро ҷунбонид. Вай худашро беҳтарин медонад. Ва ман бо ӯ розӣ ҳастам”, - навишт Морган дар маҷаллаи Daily Mail.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив