LIVE

Роналду шартномаи € 240-ро рад кард

Ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду пешниҳоди клуби Арабистони Саудиро рад кард, хабар медиҳад Mirror.

Ба иттилои манбаъ, як бошгоҳи махфӣ аз Арабистони Саудӣ ба Роналду дар як сол 240 миллион евро маош пешниҳод кардааст, ки ба таври худкор ӯро футболбози сердаромадтарин дар ҷаҳон хоҳад кард, аммо бозигар онро напазируфтааст.

Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, ки Роналду аз он вақте ки дар даста барои ӯ медиҳанд, норозӣ аст. Аз ин рӯ эҳтимоли тарк намудани "Манчестер Юнайтед" то анҷоми мавсими имсола боқӣ мемонад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан раиси Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ Ёсир Ал-Мишал гуфта буд, ки мехоҳад Роналдуро ба чемпионати худ биёрад.

Шартномаи португалӣ бо «Манчестер Юнайтед» моҳи июни соли 2023 ба охир мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив