LIVE

Роналду пешниҳоди шайхҳои арабро напазируфт

Ҳамлагари тими “Манчестер Юнайтед” ва  мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ба дастаи футболи Арабистони Саудӣ гузаштанро рад кард, хабар медиҳад ESPN.

Ба иттилои манбаъ, саудиҳо ба ин ҳамлагар шартномаи дусоларо ба маблағи умумии 275 миллион евро пешниҳод кардаанд. Аммо португалӣ ба ин вариант таваҷҷӯҳ надошт, зеро ӯ мехоҳад дар Аврупо бимонад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳамлагар нақша дорад ба клубе, ки дар Лигаи чемпионҳо иштирок мекунад, гузарад.

Роналдуи 37-сола дар мавсими гузашта дар тамоми мусобиқот 39 бозӣ анҷом дода, ба задани 24 гол ва 3 партофти головар муваффақ шудааст. Шартномаи ӯ бо «Манчестер Юнайтед» то тобистони соли 2023 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив