LIVE

"МЮ" аз Роналду халос шуданист

Бархе аз роҳбарони “Манчестер Юнайтед” мехоҳанд аз ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду халос шаванд, менависад Daily Mail.

Ба иттилои манбаъ, тасмими ниҳоӣ дар бораи ояндаи ҳамлагар молики бошгоҳ Ҷоэл Глейзер ва шӯрои директорон қабул мекунанд. Фикри сармураббии нав, ки эҳтимол дорад, Эрик тен Хаг голландӣ бошад, низ ба инобат гирифта мешавад.

Роналдуи 37-сола дар ин мавсим дар тамоми мусобиқот 34 бозӣ анҷом дода, ба задани 18 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи ӯ бо клуб то тобистони соли 2023 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив