LIVE

"ПСЖ" аз Рамос халос шуданист

"ПСЖ" дигар ба Серхио Рамос умед надорад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабрис Ҳоукинс хабар додааст.

Ба гуфтаи инсайдер, парижиҳо мехоҳанд дар ояндаи наздик ба испанӣ дар бораи рафтани ӯ хабар диҳанд. Дар баробари ин, клуб фаъолона барои иваз кардани Серхио як бозигари ҷавонтарро ҷустуҷӯ мекунад.

Қаблан маълум шуд, ки Рамос ва ҳамлагари ПСЖ Неймар аз рафтори мухлисони парижӣ дар бозии даври 28-уми Лигаи 1 бо «Бордо» (3:0) норозиянд.

Рамоси 35-сола дар равзанаи интиқоли тобистони соли гузашта ба тими фаронсавӣ гузашт. Шартномаи Рамос бо ПСЖ то соли 2023 муҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив