LIVE

Рамос номи дастаи ояндаашро гуфт

Футболбози дастони "Реал Мадрид" Серхио Рамос ба собиқ ҳамдастаҳояш иқрор шудааст, ки "ПСЖ" ҷойи нави кори ӯ хоҳад шуд. Рамос ба ҳайси агенти озод ба сафи парижиҳо мепайвандад, зеро шартномааш бо "Реал Мадрид" ба итмом расидааст ва ӯ дар бораи тамдиди қарордод бо роҳбарият ба мувофиқа нарасидааст. Капитани собиқи "Реал Мадрид" Серхио Рамос наздик аст, ки ба "Пари Сен-Жермен" гузарад. Ин бозигари испанӣ 30 июн аз "Реал" меравад ва ба ҳайси як агенти озод ба клуби нав мепайвандад.
Дар суҳбат бо якчанд бозигарони "Реал Мадрид"  Рамос гуфтааст, ки ояндаи ӯ дар дастаи шаҳри Париж аст.  Серхио Рамосро  чанд дастаи беҳтарин аз лигаҳои гуногун, аз ҷумла "Манчестер Юнайтед", "ПСЖ" ва "Манчестер Сити" мехоҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив