LIVE

Перес: “Реал” наметавонад ба Рамос аз ҳад зиёд маблағ диҳад

Президенти “Реал Мадрид” - Флорентино Перес дар бораи шартномаи нави ҳимоятгар Серхио Рамос сухан гуфт. Бошгоҳи шоҳона  бо капитани даста дар мавриди бастани шартномаи нав ба мувоффиқа омода наметавонад. 

«Ман ӯро мисли тамоми кишвар дӯст медорам. Рамос барои ман мисли писар аст. Дар робита ба қарордоди ӯ, ман ҳама кори аз дастам меомадаро кардам. “Реал Мадрид” наметавонад аз ҳад зиёд ба ӯ маблағ пардохт кунад. Вазъият тавре аст, ки ҳаст. Рамос аз пешниҳоди мо огоҳ аст. Баъд чӣ мешавад? Мо то охири мавсим мунтазир хоҳем шуд», - гуфт Перес.
Агар Рамос ба пешниҳоди “Реал Мадрид” розӣ нашаваду тамдиди шартнома накунад, пас дар тобистон вай агенти озод хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив