LIVE

Рамос билохира пешниҳоди “Реал”-ро қабул кард

Ҳимоятгар ва капитани “Реал Мадрид” - Серхио Рамос бо дастаи мадридӣ тамдиди шартнома мекунад. Дар ин бора El Espanol навиштааст. 
Ба гуфтаи ин манбаъ, мадридиҳо умед доранд, ки бо капитани худ бо тавофуқ мерасанду шарномаи навро  дар ҳафтаҳои наздик эълон мекунанд. “Реал Мадрид” ба Рамос барои ду мавсими дигар созишнома пешниҳод мекунад, ки музди меҳнаташ ба мисли солҳои қаблуӣ 12 миллион евроро ташкил медиҳад, аммо бо назардошти буҳрони пешомада, футболбоз аз 10% маоши худ бояд даст бикашад. Дар ибтидо, Рамос ин шартҳоро қабул надошт, аммо ҳоло омодааст, ки бо ин шароит созишнома ба имзо расонад. 
Рамос аз соли 2005 инҷониб  дар дастаи “Реал” бозӣ мекунад. Хабар дода шуд, ки агар футболбоз пешниҳоди клуби Мадридро барои бастани шартномаи нав рад кунад, метавонад ба “Пари Сен-Жермен” равад. Дар мавсими ҷорӣ Рамос дар 14 бозии чемпионати Испания ширкат варзида, 2 гол ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив