LIVE

Рамос расман бозигари "ПСЖ" шуд

Собиқ ҳимоятгар ва капитани “Реал Мадрид” - Серхио Рамос расман футболбози “ПСЖ" гардид. Дар ин бора саҳифаи расмии Ла Лигаи Испания хабар медиҳад. Футболбози 35-солаи испанӣ аз муоинаи тиббӣ гузашта дар қарордод имзо гузошт.
Серхио Рамос аз соли 2005 дар дастаи "Реал" бозӣ мекард. Ӯ ба "ПСЖ" ба симати агенти озод гузашт.
Бино ба иттилои манбаъ, қарордоди Серхио бо “ПСЖ” то соли 2023 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив