LIVE

ФАВРӢ: Рамос бидуни бозии расмӣ ПСЖ-ро тарк мекунад

Муҳофизатгари испанӣ - Серхио Рамос тарки ҳайати  дастаи «Пари Сен-Жермен» мекунад.  Дар ин бора Get French Football News бо такия ба иттилои Le Parisen хабар додааст. 
Ба иттилои манбаъ, клуб масъалаи бекор кардани шартнома бо футболбози 35-солаи испаниро баррасӣ мекунад. Раҳбарияти бошгоҳи шаҳри Париж аз саломатӣ ва ҳолати ҷисмонии Рамос, ки ҳанӯз дар даста бозӣ нагузаштааст, хеле нигарон аст. Якчанд мушакҳои Серхио осеб дида буд ва ӯ кӯшиш кард, ки ҳарчи зудтар ба майдон баргардад, аммо шитобкорӣ боиси он гардид, ки мушкилоти нав ба миён омад.
Ёдовар мешавем, ки Серхио Рамос моҳи июли соли 2021 футболбози ПСЖ шуд. Бо парижиҳо тосоли 2023 қарордод бастааст.  Ҳимоятгар ба клуби нав ҳамчун агенти озод гузашт. Рамос то ба ҳол дар ҳайати ПСЖ ягон бозӣ нагузаронидааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив