LIVE

Роналду пешниҳоди Арабистони Саудиро напазируфт

Ҳамлагари “Ювентус”-и Турин ва тими миллии Португалия - Криштиану Роналду пешниҳод барои  чеҳраи сайёҳии Арабистони Саудӣ шуданро рад кард. Дар ин бора The Telegraph навиштааст.
Тибқи иттилои манбаъ, форвард аз ширкат дар маъракаи таблиғотӣ, ки ба ҳавасмандгардонии туризм дар кишвари Халиҷи Форс равона шудааст, даст кашид. Шӯрои сайёҳии Арабистони Саудӣ ба Роналду барои ба наворгирифтани ролики тарғиботӣ 6 миллион евро пешниҳод кард. Қайд карда мешавад, ки ҳамчунин ба ҳамлагари “Барселона” ва тими миллии Аргентина Лионел Мессӣ низ чунин пешниҳод шудааст, аммо посухи ӯ то ҳол маълум нест.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив