LIVE

Дастаи лондонӣ 120 млн евро барои Роналду пешниҳод кард

Бошгоҳи “Челси”-и Англия ба ҳамлагари дастаи “Ювентус” ва тими миллии мунтахаби Португалия - Криштиану Роналду тавваҷуҳ намудааст. Тибқи иттилои расонаҳо лондониҳо омодаанд барои ба даст овардани футболбози 35-сола 120 миллион евро пардохт кунанд. Қаблан Роналду хабар дода буд, ки хоҳиши дар Турин монданро надорад ва омодааст дастаашро иваз кунад. Аз ҷониби дигар сармураббии тими “Ювентус” - Маурисио Сарри ду тан аз бозигарони  “Челси”-ро дар Турин дидан мехоҳад. Баъд аз хурӯҷи коронавирус тими “Ювентус” ғарқи мушкилоти иқтисодӣ шудааст ва барои пардохти маоши ситораи асосии худ имкон надорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив