Бошгоҳи “Челси”-и Англия ба ҳамлагари дастаи “Ювентус” ва тими миллии мунтахаби Португалия - Криштиану Роналду тавваҷқҳ намудааст. Тибқи иттилои расонаҳо, лондониҳо омодаанд барои ба даст овардани футболбози 35-сола 120 миллион евро пардохт кунанд. Қаблан Роналду хабар дода буд, ки хоҳиши дар турин монданро надорад ва омодааст дастаашро иваз кунад. Аз ҷониби дигар сармураббии тими “Ювентус” - Маурисио Сарри ду тан аз бозигарони “Челси”-ро дар Турин дидан мехоҳад. Баъд аз хуруҷи каронавирус тими “Ювентус” ғарқи мушкилоти иқтисодӣ ҳудааст ва барои пардохти маоши ситораи асосии худ имкон надорад.