LIVE

Коронавирус аз гиребони Роналду низ дошт

Ҳамлагари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи “Ювентус”-и шаҳри Турин Криштиану Роналду ба коронавирус гирифтор шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, футболбоз бемориро бидуни нишонаҳо мегузаронад ва мушкилоти ҷиддиро эҳсос намекунад.  Аммо бинобар сирояти вируси КОВИД-19 футболбози мазкур  дар бозии даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳои УЕФА бо тими миллии Шветсия (14-уми октябр) ба майдон нахоҳад баромад. Роналду дар тими миллии Португалия 167 бозӣ гузаронида, 101 гол задааст. Эҳтимол меравад, ки ин ситораи асосии “Ювентус” як ё ду вохӯрии дигарро дар Чемпионати Италия низ аз даст медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив