LIVE

Роналду ба майдон бармегардад

Ҳамлагари Португалия - Криштиану Роналду эълон дошт, ки омода аст дар бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳои УЕФА бо тими миллии Шветсия шоми 8 сентябр ба майдон барояд. "Барои бозии фардо омодаам!" - навиштааст Роналду ва дар саҳифаи расмии худ аксҳоеро аз ҷараёни тамрини худ гузоштааст.  
Ёдовар мешавем, ки футболбоз чанд рӯз тамрин накард, зеро ӯ осори неши занбуро муолиҷа мекард, ки осори неши занбур боис ба хуруҷи бемории сироятӣ гашта буд.  Бидуни Роналду тими миллии Португалия дар бозии даври 1-уми Лигаи миллатҳои УЕФА тими Хорватияро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард.
Дар ҳайати тими миллӣ, Криштиану 164 маротиба ба майдон баромада 99 гол задааст. Дар мавсими 2019/2020, Роналдуи 35-сола дар чемпионати Италия 33 бозӣ гузаронида, 31 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив