LIVE

Шайхҳои араб барои Роналду 125 млн евро дар як сол маош пешниҳод кардаанд

Ҳамлагари дастаи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду имкони дигари идомаи корномаи худро дорад. Ӯ метавонад ба клуби Арабистони Саудӣ гузариш намояд. Дар ин бора телевизионҳои TVI ва CNN Portugal хабар додаанд.
Тибқи иттилои нашрияҳо, пешниҳоди раҳбарони клуби арабӣ, ки номаш зикр нашудааст, чунин аст: 30 миллион евро барои трансфер ба “Манчестер Юнайтед”, 20 миллион евро барои агентҳо ва 250 миллион евро маош барои худи Роналду. Шартнома барои ду мавсим пешбинӣ шудааст, ки 125 миллион евро барои ҳар сол Роналду метавонад маош гирад. 
Ёдовар мешавем, ки Роналду бо дастаи «Манчестер Юнайтед» ба Таиланд нарафтааст. Пеш аз ин, ӯ пас аз таътил ба ҳайати дастааш низ ҳозир нашуд.  Дар ҳамин ҳол, сармураббии нави «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Хаг зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки Роналду шахсан ба ӯ дар бораи хоҳиши тарки бошгоҳ чизе нагуфтааст ва афзуд, ки бозигар ба нақшаҳои ӯ шомил аст ва хоҳиш надорад, ки даста қарордодашро бо ӯ бекор намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив