LIVE

Огоҳии "Манчестер Юнайтед" ба Роналду

"Манчестер Юнайтед" нақшаи дорад, ки Криштиану Роналдуро дар  "Олд Траффорд" нигоҳ дорад. 
Ба иттилои ESPN, намояндагони “Девҳои сурх” ба футболбози 37-сола гуфтаанд, ки клуб ӯро тобистони имсол иҷозаи рафтан намедиҳад. “Манчестер Юнайтед” умедвор аст, ки Роналду дар даста мемонад. Сармураббии нави «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Хаг низ мехоҳад, ки Криштиану дар «Манчестер Юнайтед» бозӣ карданро идома диҳад. 
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълумоте нашр шуда буд, ки тибқи он Роналду дар остонаи бемории асаб қарор дорад. Ба португалӣ ноустувории «Манчестер Юнайтед» дар бозори трансфер маъқул нест. Роналду мехоҳад, барои идомаи корномаи худ дастаи навро интихоб кунад. Дар миёни довталабони футболбози 37-сола дастаҳои “Челси”, “Бавария” ва “Спортинг” ҳастанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив