LIVE

Ҷанги Роналду ва Магуайр барои дастбанди капитанӣ

Дар "Манчестер Юнайтед" мубориза барои дастбанди капитанӣ шадидтар мешавад. Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналдуи 37-сола мехоҳад капитани нави «Девҳои сурх» шавад, аммо капитани феълӣ Гарри Магуайр намехоҳад аз ин мақом даст кашад. 
Ба иттилои манбаъ, Роналду ва Магуайр аллакай имкони иваз кардани капитанро баррасӣ кардаанд. Гарри намехоҳад, ки пеш аз анҷоми мавсим дастбандро ба португалӣ диҳад, зеро ӯ мехоҳад ин мақомро то замоне, ки дар Манчестер аст, барои худ нигоҳ дорад. 
Иҷрокунандаи сармураббии “Манчестер Юнайтед” Ралф Рангник ҷонибдори Роналду будааст.  Мутахассиси олмонӣ ҳамин тавр мехоҳад фишори Магуайрро сабук кунад. Ҳамзамон, дар утоқи либосивазкунии бошгоҳ ҷонибдорони  Криштиану барои капитани даста гаштанд, бештар аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив