LIVE

Футболбозони "МЮ" киро ба ҳайси сармураббӣ мехоҳанд?

Футболбозони асосии «Манчестер Юнайтед»  сармураббии нави дастаро интихоб карданд. 

Ба иттилои Tribal Football, футбозбозони калидии “девҳои сурх” мехоҳанд, сармураббии "ПСЖ" Маурисио Почеттиноро дар даста бубинанд.

Гуфта мешавад, ки футболбозон хоҳишҳои худро ба раҳбарияти клуб расонидаанд.

Ба ин гурӯҳ ҳимоятгари марказӣ Гарри Магуайр, нимҳимоятгар Бруно Фернандеш ва ҳамлагар Маркус Рэшфорд шомиланд.

Ба эҳтимоли зиёд, «Манчестер Юнайтед» дар тобистон кӯшиш мекунад, ки Почеттиноро ҷалб кунад ва то анҷоми мавсим дар даста Ралф Рангник роҳбарӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив