LIVE

Ғалабаи «МЮ» бар «Вилярреал» бидуни сармураббӣ

Роҳбарияти дастаи «Манчестер Юнайтед» баъди барканории Уле Гуннар Сулшер дар ҷустуҷӯи сармураббии нав мебошад. “Девҳои сурх” якчанд номзадро дар ин мақом пешниҳод намудаанд, ки яке аз онҳо сармураббии дастаи «ПСЖ» Маурисио Почеттино мебошад. Тибқи хабаргузории The Mirror худи Маурисио Почеттино низ мехоҳад, ки “МЮ”-ро тамрин диҳад. Дастаи “МЮ” дар даври навбатии Лигаи Чемпионҳо бо ҳисоби 2 бар 0 тими «Вилярреал»-ро шикаст дод. Дар ин дидор дастаро собиқ футболбози «Манчестер Юнайтед» Майкл Кэррик роҳбарӣ намуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив