LIVE

Футболбози “Манестер Юнайтед” аз ҷониби полиси Юнон дастгир шуд

Тибқи иттилои рӯзномаи юнонии Proto Thema, капитани “Манчестер Юнайтед” Гарри Магуайр дар ҷазираи Миконоси Юнон барои ҷанҷол бо пулис боздошт шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Гарри Магуайр ва дӯстонаш дар яке аз маконҳои дилхушии  ҷазираи Миконос ҷангро оғоз кардаанд. Пас аз он ки полис ба ҷои ҳодиса расид, футболбоз бо дӯстонаш  кӯшиши ҳамла ба полис кардаанд. Дар натиҷа, футболбоз ва ду дӯсти ӯ боздошт ва ба идораи полис бурда шуданд. Гуфта мешавад, ки ҳатто пас аз боздошт ҳам Гарри Магуайр бо рафиқонаш кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқир кардаанд.  
Магуайр тобистони соли 2019 аз “Лестер Сити” ба “Манестер Юнайтед” гузариш намуд. Қабл аз ин, футболбоз шарафи “Уиган”, “Ҳалл Сити” ва “Шеффилд Юнайтед”-ро ҳимоя мекард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив