LIVE

"МЮ" бо "Ливерпул", "Аталанта" ва "Тоттенхэм" бидуни капитан бозӣ мекунад

Капитани  "Манчестер Юнайтед"  Гарри Магуайр муолиҷаи худро пас аз ҷароҳат  идома дода истодааст.  Дар назар аст, ки футболбоз  беш аз се ҳафта ба майдон намебарояд.  Мувофиқи Sky Sports, Оле Гуннар Сулшер эҳтимолан то охири моҳи октябр ба Магуайр умед баста наметавонад.
Муҳлати барқароршавии Магуайр сараввал се ҳафта гуфта мешуд. Яъне ӯ бояд то вақти бозӣ бо "Ливерпул" рӯзи 24 -ум  дар саф мебуд. Вале эҳтимол аст, ки Гарри на танҳо бозӣ бо Ливерпул, балки вохӯрӣ бо "Аталанта" дар Лигаи Чемпионҳо ва "Тоттенхэм"-ро  дар Премйер Лига аз даст диҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар танаффуси байналмилалӣ бозигари дигари калидии  "Манчестер Юнайтед" Рафаэл Варан захмӣ шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив