LIVE

"Манчестер Юнайтед" бозигари калидии худро то охири мавсим аз даст дод

Сармураббии "Манчестер Юнайтед"  Уле-Гуннар Сулшер дар бораи ҳолати феълии ҳамлагар - Антони Марсйял, ки дар бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳони - 2022 байни тимҳои миллии Фаронса ва Қазоқистон (2:0), ҷароҳат бардошт, шарҳ дод. 
"Аз он, ки мо ба Марсйял то охири мавсим умед баста наметавонем, сахт нигаронам. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ҷониби  тими миллии Фаронса ба мо хабар доданд, ки ба ӯ ҳеҷ чизи ҷиддӣ нашудааст. Аммо ташхис нишон доданд, ки ӯ мушкилии ҷиддӣ дорад”, - гуфтааст  Сулшер. 
Антони Марсйял натанҳо то охири мавсими солҳои 2020/2021 ба майдон баромада наметавонад, балки иштироки ӯ дар Евро-2020 низ зери суол мемонад. 
Дар мавсими ҷорӣ, Антони Марсйял дар 22 вохӯрӣ дар Премйер Лигаи Англия ширкат варзида, дар он 4 гол ва 3 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив