LIVE

Роналду дар "МЮ" мемонад ё не?

Ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду  дар бораи боқӣ монданаш дар  бошгоҳи "МЮ" шубҳа дорад. Дар ин бора AS хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, португалӣ аз вазъи феълии бошгоҳ нигарон аст. Криштиану Роналду намехоҳад, ки мавсими охирини худро дар сатҳи олӣ бо дастае гузаронад, ки дурнамои ҷоиза надорад.

Қаблан, Роналду тасмим гирифт, ки шартномаи худро бо «Манчестер Юнайтед» то ба охир ба итмом мерасонад, ҳарчанд «Манчестер Юнайтед» дар мавсими оянда ба Лигаи Чемпионҳо роҳ наёфта буд. Ҳоло бошад, ҳамлагари португалӣ дудила шудааст. 

Ба рӯҳияи ӯ гузариши Эрлинг Ҳоланд ба "Манчестер Сити" ва Дарвин Нунйес ба "Ливерпул" таъсир расонд. Роналду бовар дорад, ки акнун фарқияти байни "Манчестер Юнайтед" ва ин бошгоҳҳо боз ҳам назаррастар мешавад.

Қайд карда мешавад, ки дар баробари ин, форварди 37-сола умедвор аст, ки «Манчестер Юнайтед» метавонад дар равзанаи интиқоли тобистона ҳайати дастаро ба таври лозима пурзӯр кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив