LIVE

Оё исми Роналду дар рӯйхати довталабони "Бозигари сол" дар Англия ҳаст?

Премйер-лигаи Англия дар сомонаи худ феҳристи бозигаронеро нашр кард, ки ба унвони “Бозигари сол” дар мавсими 2021-2022 довталаб ба ҳисоб мераванд. Криштиану Роналду дар ин рӯйхат нест.

Ба ҷоизаи «Бозигари сол» пешбарӣ шуданд: Трент Александр-Арнолд («Ливерпул»), Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»), Ҷаррод Боуэн («Вест Хэм Юнайтед»), Жоао Кансело («Манчестер Сити»), Кевин Де Брюйне («Манчестер Сити»), Сон Хин Мин («Тоттенхэм»), Ҷеймс Уорд-Проуз («Саутгемптон»), Букайо Сака («Арсенал»).

Криштиану Роналду дар мавсими ҷории ПЛА дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» 30 бозӣ анҷом дода, 18 гол ва 3 партофти головар кардааст. Шартномаи феълии португалӣ бо клуб тобистони соли 2023 ба охир мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив